Кароматуллои Курбон Бахор омад

Исполнитель: Кароматуллои Курбон Длительность: 03:39 Размер: 5.03 МБ Качество: 192 kbit/sec Формат: mp3
Ну как песня, понравилась? Поделись с друзьями!

Текст песни "Кароматуллои Курбон — Бахор омад"

Бахор омад, зи умрам боз як соли дигар бигзашт,
Тамоми зиндаги охиста аз пеши назар бигзашт.
Ба мисли гушту нокхун хамеша бо Ватан будам,
Агарчи нисфи умри бехтаринам дар сафар бигзашт.
Ватан, дар хар куҷo омад ба сар форам ҳавои ту,
Ман аз он суи уқёнус бишнидам садои ту,
Агарчи дар миён туфону мавҷи баҳрҳо буданд,
Вале омад ба гуши ман садои рудҳои ту.
Ба ваqти бозгаштан чун расидам бар ҳудудат ман,
Зи сар то по шудам мафтуну шаидои намудат ман.
Нишастам дар замини ту, паридам дар ҳавои ту,
Ба овози дурудат ман, ба оҳанги сурудат ман.
Агарчи борҳо афтодам аз ёру диёрам дур,
Ба саиёхи маро карданд гарчи дустон машҳур,
Вале ман дар хама ҷо, дар хама кунҷу канори даҳр
Хамеша бо Ватан будам, хамеша бо Ватан масрур.
0:00 0:00

Заголовок проигрывателя Подзаголовок проигрывателя

(режим воспроизведения)